Пайвандҳои дастрасӣ

Герсоги Кембридж шоҳзода Уилям ва хонуми ӯ Кейт ба тифли навзоди худ Шарлотта Элизабет Диана ном гузоштанд. Дар ин бора Кохи Кенсингтон рӯзи 4 май хабар дод.

Тифли навзод, ки дар навбати меросбарони тоҷи салтанатии Бритониё дар мавқеи чаҳорум аст, аз ин баъд Аълоҳазрат Шоҳзода Шарлоттаи Кембриҷӣ ном бурда хоҳад шуд. Аз ин пеш ҳадс зада мешуд, ки ба исми тифли навзод номи Диана ба ёди модари зиндаёди шоҳзода Уилям илова карда мешавад.

Шоҳзода Шарлотта рӯзи шанбе, 2 май чашм ба олами ҳастӣ кушод.

XS
SM
MD
LG