Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Непал 7300 нафар ҷон бохтаанд


Теъдоди қурбониёни заминдарзаи мудҳиш дар Непал аз марзи 7300 нафар убур кард. Дар ин бора мақомоти Непал рӯзи 4 май хабар доданд. Гуфта мешавад, ки миёни қурбониён 57 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст. Айни ҳол ҳазорон нафари дигар, аз ҷумла, 112 сайёҳи хориҷӣ беному нишонанд.

Ҳавопаймоҳои ҳарбии Амрико рӯзи душанбе ба ироаи кӯмаки башарӣ ба манотиқи дурафтодаи кӯҳии Непал шурӯъ карданд. Аз ин пеш рӯзи 4 май мақомоти Непал хабар доданд, ки охири ҳафтаи гузашта дар рустои кӯҳии Лангтанг ҷасади сад нафари бар асари ярч кушташуда ошкор гардид.

Рӯзи якшанбе, ҳашт рӯз баъд аз заминларзаи мудҳиш, наҷотбахшон дар деҳаи Сиаулӣ, воқеъ дар 60-километрии ғарби Катманду, аз зери оворҳо се нафари зиндамондаро берун карданд, ки яке аз онҳо мӯйсафеди 101-сола буд.

XS
SM
MD
LG