Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳои нави кадрӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи 4 май бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам қарорҳои ҳукумати кишвар дар чанд ниҳоди муҳим дигаргуниҳои кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.

Мавҷи нави дигаргуниҳои кадрӣ дар ҳукумат ва бунгоҳҳои назди он рӯзи 4-уми май ба вуқӯъ пайваст. Бузургтарини онҳо агар раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъин шудани Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раҳбари пешини "Амонатбонк" бошад, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали ӯ гашт ва Ибодулло Қурбонов мудири Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумат ё "Тоҷикстандарт" таъин шуд. Миралӣ Олимов ҷонишини аввал, Икромиддин Вализода ҷонишини раҳбари нави и н ниҳод шуданд.

Ба курсии холишудаи раиси "Амонатбонк" муовини пешини раиси он Руҳулло Ҳакимзода нишаст ва ҷонишинҳои раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ муайян гаштанд. Инҳо: Каримзода Хуршед (ноиби аввал), Сайдализода Суҳроб ноиби раиси ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғойиб таъин шуданд.

Аз таъиноти дигар:

- Олимов Миралӣ Назриевич – муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вализода Икромиддин Сироҷиддин – муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шоев Рустам Мирзохоҷаевич – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кенҷаев Муҳамадҷон Масеҳҷонович - муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Маҳмадов Ҷамшед Бобохонович – муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Каримов Тоир Авғонович – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мирзоев Зоҳир Тоҳирович – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич – ректори муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон;

- Ашурова Шаҳло Сайфуллоевна – директории муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Садирзода Нусратулло Абдулло – раиси суди шаҳри Душанбе;

- Қурбониён Алишо Нарзулло – муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе;

- Саидзода Гулбону Исуф - муовини раиси суди шаҳри Душанбе;

- Абдураҳимов Асомудин Бобохонович - муовини раиси суди шаҳри Душанбе;

- Ғоибов Алиҷон Ҷураевич – президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бар пояи хабари Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Саидзода Ҷамол Шариф аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлия ва бо амраш Ҳамидова Қаноат Иброҳимова аз вазифаи директори Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа озод шуданд: “Ғайр аз ин, 11 нафар аз вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа ва як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳои қаблӣ озод карда шуданд”.

XS
SM
MD
LG