Пайвандҳои дастрасӣ

5000 $-и "Истиқлол" барои муолиҷаи собиқ футболбози "Энергетик"


​Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба Ислом Икромов, бозигари собиқи дастаи “Энергетик”-и Душанбе, барои табобат 5000 доллар кӯмак кард.

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба Ислом Икромов, бозигари собиқи дастаи “Энергетик”-и Душанбе, ки чандин сол боз гирифтори бемории фалаҷ ва бистарӣ аст, барои табобат ба маблағи 5000 доллар кӯмаки молӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин маблағро ба Ислом Икромов аз номи президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов бозигарони даста Нуриддин Давронов, Петро Ковалчук ва Бледа Родригес супурданд.

Ислом ба роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” барои кӯмаки беғаразона изҳори сипос намуда, гуфтааст, ки ин маблағ ба ӯ имкон медиҳад дар осоишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Сочии Русия табобат бигирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG