Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози украинӣ дар Луҳанск


Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар шарқи вилояти Луҳански Украина ду сарбози украинӣ кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Геннадий Москал, волии вилояти Луҳанск, рӯзи 4 май хабар дод, ки мошини низомиёни украинӣ рӯзи якшанбе дар канори рустои Екатериновка ба мина бархӯрдааст.

Қисмати ҷанубии вилояти Луҳанск аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор назорат мешавад.

Бар асари набардҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина шурӯъ аз баҳори соли гузашта беш аз 6 ҳазору 100 нафар кушта шуданд ва талафот миёни низомиёни сокинони осоишта бо вуҷуди имзои созиши оташбас дар моҳи феврали соли равон афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG