Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавод Зариф: Кори душворе дар пеш аст


Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, мегӯяд, ки ӯ барои рафъи комили бӯҳрон дар робита ба барномаи ҳастаии кишвар талош хоҳад кард. Ӯ дар Твиттер рӯзи 4 май навишт, ки таҳияи созиши ниҳоӣ миёни Теҳрон ва “панҷ ба изофаи як” идома дорад. Аммо то имзои ин қарордод, ба иқрори Ҷавод Зариф, кори сангине дар пеш аст.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) як моҳ пеш дар шаҳри Лозаннаи Швейсария дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад. Айни ҳол Эрон ва гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" ҷузъиёти созишномаро баҳс доранд ва он бояд то охири моҳи июн имзо шавад.

Изҳороти вазири умури хориҷии Эрон дар Твиттер ду рӯз баъд аз он нашр шуд, ки ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ талоши аъзои Конгресси ИМА барои ҷилавгирӣ аз имзои созиши ҳастаиро маҳкум кард. Довталабони курсии раисиҷумҳурии ИМА аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ ҳафтаи гузашта гуфтанд, барои ба имзои созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон роҳ нахоҳанд дод. Тед Круз, сенатор аз аёлати Техас рӯзи 30-уми апрел Эронро "ягона хатари бузург ба Амрико" хонд ва аз «душмании костаношудании он» ба ИМА танқид кард. Марко Рубио, дигар сенатори ҷумҳурихоҳ ва довталаби курсии раиси ҷумҳури ИМА, пешниҳод кард, созиш бояд фақат ба шарте имзо шавад, ки Эрон давлати Исроилро ба расмият бишиносад.

XS
SM
MD
LG