Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сардори постгоҳи марзӣ бо гумони пора


Сардори яке аз дидбонгоҳҳои марзӣ дар вилояти Суғд аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони гирифтани пора боздошт шудааст. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони ин ниҳод дар таърихи 27 апрел сардори яке аз дидбонгоҳҳои марзии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди гирифтани пора ба маблағи 2700 сомонӣ, дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, вай барои убури мошинҳои боркаши ҶДММ «Куруш 2014», ки қум ва шағал мекашиданд, барои иҷозат додан аз шаҳрванд «Н», ки шахси масъули ҶДММ «Куруш 2004» мебошад, дар марҳилаи аввал 100 литр бензини «92» ба маблағи 430 сомонӣ ва маблағи нақдии 460 сомониро, ба сифати пора талаб намуда ва онро дарёфт намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ӯ баъдан барои дубора иҷозат додан ба муддати як моҳ барои ҳар як рӯзаш 90 сомонӣ, ки ҷамъ маблағи 2700 сомониро ташкил медиҳад, пора талаб намудааст. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки дар ин робита рӯзи 3 апрели соли 2015 алайҳи сардори дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо моддаи 319 қисми 1-и Кодеки ҷиноииТоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG