Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 100 низомии тоҷик дар паради Маскав


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки дар паради низомӣ ба муносибати 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор низомии тоҷику рус ва ҳамин тавр дар паради Маскав, як ротаи ин вазорат ширкат мекунанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 4 май зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар паради низомӣ ба муносибати 70 солагии пирӯзӣ бар Олмони нозӣ ё фашистӣ, ки қарор аст ҷумъаи 8 май дар “Боғи ғалаба”-и шаҳри Душанбе баргузор шавад, 2 ҳазор сарбозу афсари сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва як ротаи Лашкари 201-уми пойгоҳи низомии Русия дар қалмрави Тоҷикистон ширкат мекунад.

Интизор меравад, дар ин паради низомӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат кунад ва пас аз он барои ширкат дар паради низомӣ дар “Майдони сурх”-и шаҳри Маскав ба ифтихори 70-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, озими Русия шавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамакнун як ротаи вазорати дифои Тоҷикистон иборат аз 100 нафар таҳти раҳбарии Илҳом Махсумов, афсари Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Маскав қарор доранд ва дар паради низомӣ ба таърихи 9 май дар майдони назди Кремли Маскав ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, ин рота ҳанӯз дар таърихи 25 апрел ба шаҳри Маскав сафар карда буд ва имрӯзҳо дар машқҳои омодагӣ ба паради низомӣ иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG