Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба қаҳрамонии ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ВТФ, ки рӯзҳои 12-18 май дар Челябински Русия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ВТФ, ки аз 12 то 18 май дар шаҳри Челябински Русия барпо мегардад, ширкат мекунанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, рӯзи 3 май хабар дод. Вай афзуд, “ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони номдори тоҷик - Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова, барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ, шомиланд. Дар ҳамин ҳол Фарҳод ва Алишер дар шаҳри Манчестери Бритониёи Кабир бо раҳбарии мутахассиси эронӣ Ҳусейн Ғафурӣ, ки шаҳрванди Инглистон аст, якҷо бо мунтахаби таэквондои ин кишвар тамрин мекунанд. Моҳрӯ бошад, дар макони таҳсили худ - Кореяи Ҷанубӣ - ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ мебинад ”.

Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаев ба мунтахаби Тоҷикистон сармураббӣ Чон Чонг Фи, мутахассиси кореягӣ, раҳбарӣ мекунад. “Мо аз варзишгаронамон дар чемпионати ҷаҳон дар Челябинск натиҷаҳои баландро чашмдорем”, - иброз дошт Исматулло Хоҷаев.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ВТФ, ки дар Қасри варзиши «Трактор»-и Челябинск рӯзи 12 май шурӯъ мешавад, ширкати варзишгарон аз 150 кишвар дар назар аст. Дар рӯзи аввал занон дар вазни 46 кг ва мардон дар вазни 58 кг рақобат мекунанд. Шоми 12 май маросими кушоиши мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон баргузор мешавад. Ин мусобиқа то рӯзи 18 май идома хоҳад кард.

Аз ҷараёни сабқати ҷаҳонии таэквондо беш аз 250 хабарнигор аз тамоми ҷаҳон тавассути расонаҳои хабарӣ - телевизион, радио, интернет ва матбуот - гузориш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG