Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии Барномаи зиддибӯҳронӣ барои ВАО


Шаҳри Хуҷанд.

Шаҳри Хуҷанд.

Намояндагони давлат, созмонҳои журналистӣ, масъулони созмонҳои байналмиллаӣ ва коршиносон дар як ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд барномаи зиддибӯҳронӣ барои васоити ахбори оммаро баррасӣ мекунанд. Ин ҳамоиш, ки рӯзи душанбеи 4 май зери унвони “Чолишҳои нав дар соҳаи озодии баён” дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба кор кард, вазъи феълӣ ва дурнамои васоити ахбори оммаро дар иртибот ба таҳаввулоти бӯҳрони иқтисодии ахир ва паёмадҳои он ба фаъолияти матбуотро баҳс мекунад. Ин ҳамоиш ба ибтикори НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттифоқи журналистон ва бо ҳимояти молии Дафтари Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барпо мешавад. Баррасии Барномаи зиддибӯҳронӣ барои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” аз мавзӯоти меҳварии ин нишаст унвон мешавад. Интизор меравад, Хуршед Ӯлмасов, раиси шабакаи радиоӣ ва телевизионии “Тироз” дар ин маврид гузоришеро ироа хоҳад кард, ки баъдан таклифу пешниҳодоти аҳли нишаст дар заминаи ҷилавгирӣ аз паёмадҳои бӯҳрони молиявӣ ба васоити ахбори омма ироа хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG