Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор ҳазор муҳоҷирро наҷот додаанд


Мақомоти Итолиё мегӯянд, дар наздикии соҳилҳои Либия дар Баҳри Миёназамин аз киштиҳои қочоқбарон тақрибан 4 ҳазор нафарро наҷот додаанд. Сухангӯи идораи марзбонони баҳрии Итолиё гуфт, амалиёт барои наҷоти афроди дигар идома дорад ва ҳамаи онҳоеро, ки наҷот додаанд, ба Итолиё овардаанд. Маълум нест, ин афрод аз кадом кишвар ҳастанд. Рӯзи 2-уми май маъмурони наҷоти Итолиё дар Баҳри Миёназамин 17 амалиёти наҷот анҷом додаанд. Бо назардошти оромии баҳр ва ҳавои гарм қочоқбарон кӯшиш кардаанд, ки муҳоҷиронро аз Африқо ба Аврупо интиқол диҳанд. Танҳо дар ҳамин сол 1750 муҳоҷир ҳангоми шино ба самти Аврупо ғарқ шудаанд. Моҳи гузашта дар наздикии соҳилҳои Либия як киштӣ бо 800 муҳоҷир ғарқ шуд.

XS
SM
MD
LG