Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти афғон бо Толибон гуфтӯгу кардаанд


Хабаргузории расмии Қатар гузориш дод, ки мақомоти Афғонистон ва Толибон дар бораи “оштӣ” дар шаҳри Доҳа гуфтӯгу кардаанд, ҳарчанд ду тараф мегӯянд, ки аз ин музокирот чизи зиёде мунтазир набошед. Хабаргузории QNA навишт, мулоқот рӯзи 2-уми май оғоз шуд, вале номи афроди ҳозир дар мулоқотро ошкор накард. Пеш аз ин Толибон бо нашри баёнияе гуфтанд, ки 8 намояндаашон дар ин гуфтӯгу ширкат доранд ва набояд ин гуфтугӯҳоро “музокирот ва гуфтугӯ дар бораи сулҳ” пиндошта шавад. Аҷмал Обидӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки аъзои Шӯрои олии сулҳи кишвар танҳо “аз тарафи худашон” ба мулоқот рафтаанд ва аз ҳеҷ мо ҳеҷ чизе аз онҷо интизор надорем.” Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки соли 2014 ба қудрат расид, барои музокироти сулҳ бо Толибон талош дорад, ҳарчанд ингуна кӯшишҳо дар гузашта натиҷа надодаанд.

XS
SM
MD
LG