Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурони пулис баъди он ки фаҳмидаанд, лаҳзаҳои латту кӯб дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аввал бародарон Собировҳо дарафтоданд.

Мақомоти Русия алайҳи Ростислав Ефремов – маъмури пулиси Ханти Мансийск парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки бо се ҳамкораш дар латту кӯби шаҳрвандони Тоҷикистон – бародарон Собировҳо муттаҳам мешавад. Ин ҳодиса 25 апрели соли ҷорӣ иттифоқ уфтода, масъулони пулиси Русия мегӯянд, агар айби Ефремов дар додгоҳ исбот шавад, ҷойи корашро аз даст хоҳад дод.

LifeNews рӯзи 3 май видеои латту кӯби ин се зодаи Тоҷикистон аз сӯи Ростислав Ефремов ва шарикони ӯро нашр кард. Дар навор дида мешавад, Ефремов ва ҳамроҳонаш дар назди даромадгоҳи Идораи пулиси Ханти Мансийск ба бародарон Собировҳо дарафтода, зери зарбу лат мегиранд. LifeNews мегӯяд, бар асоси тафтишоти пешакӣ бародарон Собировҳо, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доштаанд, барои "буд" кардани кори бародари чоруми худ ба идораи пулис омадаанд.

Онҳо гуфтаанд, бародари чорумашон ба ҷурми нақзи низоми шиносномавӣ аз Русия ихроҷ шудааст, ки бо ин қарор розӣ нестанд ва мехоҳанд ба пулис шикоят кунанд. Ба қавли бародарон Собировҳо, аммо дар назди даромадгоҳи идораи пулис гапашон бо Ефремов гурехта, ин маъмури пулис барои кумак ҳамкоронашро даъват кардааст. "Моро ба замин хобонда, бо дастчӯбҳои худ заданд ва баъд дастҳоямонро бастанд,"-гуфтаанд онҳо.

Табибон низ баъд аз ташхиси бародарон Собировҳо гуфтаанд, яке аз онҳо аз ноҳияи сараш сахт осеб дидааст. LifeNews менависад, вақте маъмурони пулис фаҳмидаанд, тамоми ин ҳодиса тариқи дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, зуд ба Кумитаи тафтишоти Русия ариза навишта аз болои бародарон Собировҳо шикоят кардаанд, ки аввал шаҳрвандони Тоҷикистон ба онҳо дарафтоданд.

Аз оғози соли ҷорӣ ин дувумин латту кӯби шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи маъмурони пулиси Ханти Мансийск мебошад. Рӯзи якуми феврали соли равон Евгений Нарушев – нозири роҳ ё корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ якҷоя бо ҳамкори худ Анатолий Макаров дар яке

Саид Саидҷонов

Саид Саидҷонов

аз хиёбонҳои шаҳр муҳоҷири 30-солаи тоҷик Саид Саидоҷоновро ба гунае латту кӯб кардаанд, ки вай дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфта ва амалиёти наҷоти вай 7 соат идома кардааст. Ба нақли худи Саидҷонов, вай баъд аз 35 рӯзи муолиҷа бо шиками сӯрох ва халтаи пластикие дар зери бағал ва пайваст бо кӯррӯдааш аз бемористон рухсат шудааст.

Сабаби латту кӯб ин будааст, ки вай мошинро дар назди яке аз хонаҳо нодуруст гузоштааст, яъне яке аз чархҳои ақиби мошин болои девораки канори роҳ ё "бордюра" баромадааст. Баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳо ин ду корманди ГАИ Саидҷоновро ду ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Ронанда ин маблағро супурдаст ва дар протокол низ имзо гузоштааст. Вале кор бо ин тамом нашуда ва аз ҳамин ҷо моҷаро сарчашма гирифтааст.

Саидҷонов мегӯяд, бо худ ҳуҷҷати ронандагии байналмилалӣ дошт ва бо он ҳаққи ронандагӣ дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Русияро дорад. Вале чун ин ҳуҷҷатро Тоҷикистон ба вай додааст ва он ба забони англисӣ ва тоҷикӣ навишта шудааст, кормандони ГАИ-и Ханти Мнсийск эътироз кардаанд, ки вай бо ин ҳуҷҷат ҳаққи ронандагӣ дар қаламрави Русияро надорад. "Сипас, ҳуҷҷатро бо худ бурда ва гуфтанд, метавонам онро

Бадани Саид Саидҷонов баъди мураххас шуданаш аз бемористон

Бадани Саид Саидҷонов баъди мураххас шуданаш аз бемористон

рӯзи дигар дар шӯъбаи пулиси шаҳр бигирам. Вале рӯзи дигар онҳо гуфтанд, аз ман ҳеҷ ҳуҷҷат нагирифтаанд ва гӯиё онро худам нобуд карда бошам,"-нақл кард Саидҷонов.

Баъдан ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, пас аз дархостҳои зиёд ва илтиҷояш маъмурони БДА гуфтаанд, баъд аз ду рӯз дубора муроҷиат кунад ва онҳо ҳуҷҷатро ба вай пайдо карда медиҳанд.

Ин нукта низ бояд ёдоварӣ шавад, ки Саидҷонов ҳар ду дафъа ҳам бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ савори мошин ба шӯъбаи пулис ҳозир шуда буд ва ин ҳолатро Нарушев ва Макаров медонистанд, чун ҳуҷҷат дар дасти худашон буд. Бино бар ин, рӯзи дувум вайро таъқиб карда ва дар яке аз чорроҳаҳои шаҳр пеши роҳашро бастаанд. "Аз мошин пиёда шуда ва ҳамла карданд,"-ба ёд меорад Саид Саидҷонов.

Вале маъмурони пулиси Ханти Мансийск дар баёноти худ навиштаанд, ки Саидҷонов ба либоси низомии онҳо дастдарозӣ кардааст ва онҳо дар ҷавоб бо “чунин зарба аз вай халос” шудаанд. Шояд ба ин даъвои онҳо дар Кумитаи тафтишот бовар мекарданд. Вале яке аз камераҳои назоратии роҳ лаҳзаҳои латту кӯбро сабт кардааст ва Нарушев ҳангоми додани баёнот камераҳоро комилан аз ёд бурдааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG