Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯён даҳҳо эзадиро дар Ироқ куштаанд


Як вакили эзадии порлумони Ироқ рӯзи 2-уми май гуфт, ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” 25 ҳамқавми ӯро дар урдӯгоҳи асиронашон дар шимоли Ироқ куштаанд. Маҳма Комил гуфт, ҷангҷӯён асирони эзадии худро рӯзи 1-уми май дар шаҳри Талъафар дар наздикии шаҳри Мосул куштанд, ки дар дасти ҷангҷӯён аст. Пештар аз ин вебсайти "Шафақ Нюс", аз қавли намояндагони Ҳизби эзадии пешрафт навишт, ки аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” бештар аз 300 эзадии сокини Талъафарро куштаанд. Таъйиди ин хабар аз манобеъи дигар ғайриимкон аст. Моҳи августи соли гузашта баъди ишғоли шаҳри Синҷар воқеъ дар марзи Сурия даҳҳо ҳазор нафар эзадӣ аз инии ин шаҳр фирор карданд. Аммо садҳо нафари онҳоро ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” асир гирифтанд ва ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ занони эзидиро ба ғулом табдил додаанд. Ин ҷангҷӯёни суннимазҳаб эзадиҳоро “кофироне” мешуморанд, ки ба эътиқоди онҳо сазовори қатл ҳастанд ва аз насрониҳо хостаанд, ё мусулмон шаванд ва ё молиёти махсус супоранд.

XS
SM
MD
LG