Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Одеcсаи Украина маросими гиромидошти хотираи онҳое баргузор шуд, ки соле пеш дар натиҷаи муноқишаи тарафдорон ва мухолифони ҳукумат кушта шуданд. Рӯзи 2-уми май дар задухӯрдҳо дар Одесса 48 нафар ҷон доданд. Тазоҳуроти тарафдорон ва мухолифони ҳукумати Украина дар он рӯз ба ҷанҷолу занозанӣ печид ва бо оташ гирифтани бинои иттиҳодияи коргарӣ анҷомид, ки дар он мухолифони ҳукумат ва мухторият дар шарқи Украина паноҳ бурда буданд. Маълум нест, ки бино чӣ гуна оташ гирифт, ҳарчанд тарафдорони ҳукумати Украина ба самти бино бомбҳои оташгиранда партоб карда буданд. Аммо мақомоти Украина мегӯянд, мумкин аст, худи афроди дохили бино ҳангоми аз бом ба поён партоб кардани бомбҳои оташгиранда сабаби сӯхтор шуда бошанд. Дар маҷмӯъ дар дохили бино 43 нафар ҳалок шуданд. Дар шаҳри Киев 1000 нафар дар маросими гиромидошти хотираи ҳалокшудагон ширкат карданд, дар назди сафорати Украина дар Маскав низ як маросиме баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG