Пайвандҳои дастрасӣ

​Рӯзи шанбеи 2 май бозиҳои даври чоруми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Аз чаҳор бозии даври чоруми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳоилигаи олӣ, ки шоми шанбеи 2-юми май поён ёфт, дар як бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва ду бозии дигар мусовӣ шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Барқи тоҷик”- и Душанбе бар тими меҳмон “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯзӣ ба даст овард. Тӯбро Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, дар дақиқаи аввалини бозӣ ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи “Барқи тоҷик” ба шумор меравад. Вале “Парвоз” дар ҳамаи чаҳор бозии худ шикаст хӯрдааст.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Ин ғалаба ба хуҷандиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз ба ҷойи дувум бароянд.

Ду бозии дигар байни «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:2 ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-1 хотима ёфт.

Бозии охирини даври 4-ум рӯзи душанбеи 4-уми май байни ду дастаи Душанбе - ССКА “Помир”–“Истиқлол” - соати 16:30 шурӯъ мешавад. Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 9 имтиёз аз се бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«РАВШАН» — «ХУҶАНД» — 1:3

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 23 (0:1). Дилшод Бозоров, 79 (0:2). Дилшод Бозоров, 88 (0:3). Сайидамири Сайидаҳтам, 90+2 (1:3).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Суннатулло Холов («Равшан»), 85 – барои бозии дағалу барқасдона бо мақсади лат додани рақиб.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ВАХШ» — 1:1

Голҳо: Соломон Течи, 33 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 86 (1:1).

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Муҳаммад Гулипур, 1.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ХАЙР» — 2:2

Голҳо: Комрон Турсунов, 20 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 55 (1:1). Комил Саидов, 58 (2:1). Наполеон Андох, 77 (2:2).

Нишонзанҳои мусобиқа: Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Дилшод БОЗОРОВ («Хуҷанд»), Умедҷон ШАРИФОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду – «Истиқлол»), Сайидамири САЙИДАҲТАМ («Равшан»), Соломон ТЕЧИ («Далерон-Ӯротеппа»), Муҳаммадҷони ҲАСАН («Вахш») – 2-тӯбӣ.

Бозии охирини даври 4-ум:

4 май (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

ССКА “Помир” – “Истиқлол”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG