Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониён дар Непал аз 6600 гузашт


Мақомоти Непал мегӯянд, таваҷҷӯҳро барои кӯмак ба мардуми осебдидаи мӯҳтоҷ дар манотиқи дурдаст равона кардаанд, зеро умед барои пайдо кардани зиндамондагон аз зери харобаҳо камтар мешавад. Лакшмӣ Дакал, сухангӯи вазорати умури дохилии Непал, рӯзи 2-уми май гуфт, ҳоло ба масъалаи ирсоли маводи ғизоӣ ва лавозимот ба ноҳияҳои Долаа ва Синдҳупалчовк афзалият дода мешавад, ки дар натиҷаи заминаларза хароб шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ, дар сурати гузориш дар бораи афроди зиндамонда саъй мекунанд, ки онҳоро аз зери овор наҷот диҳанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ имкони зинда мондан баъди як ҳафтаи заминларза сахт аст. Мақомоти Непал гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 25-уми апрел аз 6600 нафар гузаштааст ва бештар аз 14 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Панҷоҳ хориҷӣ ҳам дар ин фалокат ҷон додааст ва сарнавишти 1000 сайёҳи аврупоӣ маълум нест. Созмони Милал мегӯяд, аз миёни аҳолии 28 миллион нафарии Непал 8 миллион нафари онҳо дар натиҷаи заминларзаи сахттарини 80 соли ахир дар ин кишвар осеб дидаанд ва барои онҳо тақрибан 2 миллион хайма, обу ғизо ва доруворӣ лозим аст.

XS
SM
MD
LG