Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи парвандаи қатли Фархунда


Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон муҳокимаи даҳҳо нафаре оғоз ёфт, ки ба қатли бераҳмонаи Фархунда муттаҳам мешаванд. Дар курсии муҳокима, ки рӯзи 2-уми май мустақиман дар телевизион намоиш доданд, 49 нафар ба шумули чанд афсари пулис нишастаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки издиҳоми бузурги мардон рӯзи 19-уми март Фархундаи 27-соларо бо иттиҳомоти дурӯғ, ки гӯиё китоби Қуръонро оташ задааст, бераҳмона латукӯб карда кушта ва сипас ҷасадашро оташ заданд. Баъди ин ҷасади Фархундаро ба рӯдхонаи Кобул андохтанд. Қатли Фархунда эътирози зиёдеро дар Афғонистон барангехт, ҷомеаи мадании кишвар ҳам талаб доранд, ки нуфузи рӯҳониён дар кишварро кунанд ва вазъи ҳуқуқи занонро беҳтар намоянд.

XS
SM
MD
LG