Пайвандҳои дастрасӣ

Киев аз Газпром 16 миллиард доллар талаб дорад


Украина бо шикоят ба як додгоҳи ҳакамӣ дар шаҳри Стокҳолм аз ширкати “Газпром”-и Русия хостааст, ба сабаби баҳси тулонии қимматгузории газ 16 миллиард доллар ҷуброн пардозад. Ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина ва “Газпром” соли 2009 як созишномаи 10-сола имзо карданд, аммо Украина мегӯяд, нархгузорӣ дар созишнома ва миллиардҳо доллар ҳаққи газ, ки Русия талаб дорад, дуруст нест. Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина рӯзи 1-уми май дар Фейсбук навишт, “Қарордоди транзити газ барои Украина одилона нест ва Газпром барои ҷуброни зарари Нафтогаз бояд 10 миллиард доллар бипардозад.” Ба навиштаи ӯ, дар маҷмӯъ Украина барои ҳаққи транзит ва таъмини гази табиӣ аз Русия 16 миллиард доллар талаб дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG