Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Русия дар СММ қабул нашуд


Дар Яман даргириҳо ҳамчунон идома доранд.
Дар Яман даргириҳо ҳамчунон идома доранд.

Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дархости Русия барои созиши фаврии оташбас дар Яманро дастгирӣ накарданд. Амалиёти ҳавоии ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба зидди ошӯбгарони шиамазҳаби ҳусӣ дар Яман, интиқоли маводи сӯхт, ғизо ва дорувориро сахт кардааст. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи норасоии маводи сӯхт, то чанд рӯзи дигар амалиётҳои имдодӣ дар Яман қатъ мешавад. Дар нишасти паси дарҳои бастаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Русия баёнияеро пешниҳод кард, ки дар он ба созиши оташбаси фаврӣ ва ё ҳадди аққал танаффус дар ҷанг барои расонидани кӯмакҳои башарӣ даъват шудааст. Баъди дастгирӣ наёфтани пешниҳод Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, намояндагони кишварҳои дигари узви шӯроро ба беэътиноӣ ба бӯҳрони шиддатгиранда дар Яман муттаҳам кард. Бино ба гузоришҳо, пешниҳоди Русия, ки бо Эрон робитаҳои наздик дорад, бо шакку шубҳа қабул шудааст, зеро гуфта мешавад, ки Эрон ба ошӯбгарони ҳусӣ дар Яман кӯмак мекунад. Ба гуфтаи дипломатҳо, пешниҳоди Русияро рад накардаанд, вале гуфтаанд, ки барои баррасии он ба вақт зарурат доранд.

XS
SM
MD
LG