Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷонибдорони Мансур Ҳодӣ оташбас эълон карданд


Низомиёни содиқ ба раисиҷумҳури барканоршудаи Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ баъд аз дархости такрории гурӯҳҳои башарӣ рӯзи 1 май дар шаҳри Адан барои ду соат оташбас эълон карданд.

Шаҳри бандарии Адан аз охирҳои моҳи март ба саҳнаи даргириҳо миёни тарафдорони Мансур Ҳодӣ ва шибҳанизомиёни шиаи ҳусӣ қарор дорад.

Хабаргузории олмонии DPA бо такя ба сомонаи Адан Ал-Ғад навиштааст, ки оташбас ба гурӯҳҳои имдодрасон барои кӯмак ба мардуми овора ва маҷрӯҳон мусоидат мекунад. Аммо дар бораи он ки оташбас риоя шудааст ё не, иттилое зери даст нест.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ аз 26 марти соли равон ба мавқеъҳои ҳусиҳо, ки шаҳрҳои асосии Яманро ишғол кардаанд, зарбаҳои ҳавоӣ мезанад. Шибҳанизомиёни ҳусӣ, ба гумони ғолиб, аз сӯи Эрон пуштибонӣ мебинанд.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 1 май эълом дошт, ки бар асари даргириҳо дар Яман тақрибан 1250 нафар кушта шудаанд. Ҷанг ба рӯзу рӯзгори 7,5 миллион шаҳрванди Яман таъсири худро гузоштааст.

XS
SM
MD
LG