Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Теҳрон, пойтахти Эрон, рӯзи якуми май, бори аввал дар ҳашт соли ахир намоиши оммавӣ ба хотири дифоъ аз ҳаққи заҳматкашон баргузор шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар намоишу раҳпаймоӣ чанд ҳазор нафар ширкат доштанд. Намоишгарон аз манотиқи гуногуни Эрон омада буданд ва шиорҳоеро аз қабили “Коргарони эронӣ кор надоранд!” ва “Амнияти иҷтимоӣ – ҳаққи мост!” дармедоданд.

Дар арафаи ин намоиши оммавӣ мақомоти Эрон дасти кам панҷ раҳбари иттиҳодияҳои синфии кишварро ҳабс карданд. Ҳабси онҳо ба думболи афзоиши намоишҳои эътирозӣ ва коршиканиҳо бо талаби беҳтар кардани шароити кор сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG