Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина изҳор намуд, ки зиндагии осоишта дар кишвар фақат баъд аз бозгардони нимҷазираи Қрим ва Донбасс ба ҳайати Украина мумкин хоҳад шуд.

Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии СТБ рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки дар ин мавзӯъ ягон хел созиш буда наметавонад. Беҳтарин роҳи ҳалли қазия, ба гуфтаи Порошенко, қатъи даргириҳо ва аз роҳи осоишта дар ихтиёри Киев қарор додани вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аст.

Раҳбари Украина афзуд, “мо рӯзи гузашта дар нишасти гурӯҳи кории сеҷониба муроҷиати муштараки Украина ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупоро ба Русия дар бораи пешниҳоди берун кардани техникаро ироа намудем”.

Петро Порошенко гуфт, ки бояд ҳама асирон озод ва дастрасии бидуни монеъаи гурӯҳи САҲА ба ҳама муассисаҳо дар шаҳри Украина таъмин карда шавад.

Аз ин пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки Маскав аз манфиатҳояш дар нимҷазираи Қрим то охир дифоъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG