Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Непал дар интизори ёриҳои кишварҳои ҳамсоя


Ҳазорон нафари бар асари заминларзаи мудҳиш дар Непал осебдидаву бехонумоншуда рӯзи ҷумъа аз кишварҳои ҳамсоя имдод хостаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳоле, ки ҳукумати Непал дар кӯмак ба мардум оҷиз мондааст, кишварҳои хориҷӣ ба манотиқи офатзада табибону наҷотбахшон ва чархболҳо мефиристанд.

Арҷун Будҳатокӣ, ки аз шаҳри Катманду фирор кардааст, мегӯяд, “мо гуруснаем, маводи озуқае надорем, ҳукумати худамон ба мо мададе намерасонад. Ягона кишваре, ки ба шаҳрвандони мо кӯмак мекунад, Ҳиндустон аст”.

Ба назар мерасад, ки Чин ва Ҳиндустон барои кӯмаки ҳарчӣ бештар ба Непал вориди сабқат шудаанд. Чин тақрибан 300 наҷотбахшро ба кишвар фиристод ва эълом дошт, ки ба Непал тақрибан 10 миллион доллар кӯмак мекунад.

Нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ваъда дод, ки "ашки ҳар як непалиро пок хоҳад кард". Ахиран ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳиндустон 950 наҷотбахш ва беш аз 400 тонна кӯмаки башариро ба Непал интиқол доданд. Бар асари заминларзаи рӯзи 25 апрел дар Непал беш аз 6200 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG