Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австрия Дмитро Фирташро ба Амрико надод


Додгоҳи Австрия дархости Амрико барои истирдоди миллиардери украинӣ Дмитро Фирташ ба Иёлоти Муттаҳидаро рад кард. Дмитро Фирташро дар Амрико ба ришвадиҳӣ ва пулшӯӣ муттаҳам мекунанд, ҳарчанд худи ӯ рӯзи 30-уми апрел дар муҳокимаи додгоҳӣ дар Вена ин иттиҳомотро рад кард. Дмитро Фирташ ба додгоҳи шаҳри Вена гуфт, иддаоҳо дар ин бора, ки ӯ мехост, ба намояндагони ҳукумати Ҳинд ришва диҳад, “комилан нодуруст” аст. Яке аз додгоҳҳои Амрико соли 2013 миллиардери украинӣ, як узви порлумони Ҳинд ва чаҳор нафари дигарро ба он муттаҳам кард, ки қасд доштаанд, барои ба даст овардани созишнома барои истихроҷи маъданҳои нодир дар Ҳинд ба мақомоти ҳукуматии ин кишвар ришва бидиҳанд. Дмитро Фирташи 49-соларо соли 2014 бо дархости Амрико дар шаҳри Вена дастгир карданд, вале ӯ бо гузоштани 140 миллион доллар васиқа аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Вакилони дифои ӯ мегӯянд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин корхонадори украинӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Тиҷорати ӯ асосан аз фурӯши газ ва истеҳсоли нуриҳои минералӣ иборат аст ва дар аҳди Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина пешрафти зиёд кард.

XS
SM
MD
LG