Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабномаҳои таҳдидомез дар як рустои Узбакистон


Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон мегӯяд, дар ноҳияи Паркенти вилоятиТошканд як ноболиғро бо иттиҳоми паҳн кардани варақаҳо боздошт кардааст. Вале манобеи дигар аз боздошти 3 тан хабар медиҳанд. Пештар гуфта мешуд, ки дар ин шабномаҳо парчами гурӯҳи “Давлати Исломӣ” нашр шудааст, вале мақомоти Узбакистон ин гуфтаҳоро тасдиқ накарданд. Ба гуфтаи бархе аз манбаъҳо варақаҳои таҳдидомез дар чанд ҷои деҳа, аз ҷумла мактаби он пайдо шудаанд. Дастаи бузурге аз кормандони амниятии Узбакистон дар деҳаи Ҳисораки ноҳияи Паркент тафтиш пеш мебаранд ва манзили афроди шубҳанокро кофтуков мекунанд. Раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов ва вазири умури дохилии ин кишвар Адҳам Аҳмадбоев, ки барои таҳқиқи воқеа таъҷилан ба Паркент омада буданд, шоми 29 апрел ба Тошканд баргаштанд.

XS
SM
MD
LG