Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико барои марзбонони тоҷик маркази таълимӣ бунёд кард


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, панҷшанбеи 30 апрел дар мавзеи Ҳалқаёр, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо ҳимояи молии Амрико маркази таълимӣ барои марзбонон ифтитоҳ гардид. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маркази таълимӣ дар мавзеи Ҳалқаёр, дар гузаргоҳи Панҷи Поён, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо ширкати Сюзан Эллиотт, сафири ИМА ва фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба таъкиди ин манбаъ, Сюзан Эллиотт, сафири Амрико зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳ ин маркази таълимӣ, фаъолияти марзбонони тоҷикро хеле хуб арзёбӣ карда ва иброз намудааст, ки онҳо дар мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо дар хатти аввали мудофиа қарор доранд.

Зимнан, ба гуфтаи дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе маркази таълимии Ҳалқаёр аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон бо маблағгузории Дафтари оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Департаменти давлатии ИМА бунёд ёфтааст. Ҳазинаи сохтмони марказ маблағи 132 ҳазор долларро ташкил дода ва ва он аз чаҳор синфхона иборат аст, ки барои омода кардани марзбонон ҳангоми посбонӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳим дар марзҳои давлат истифода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди дафтари матуботи сафорати Амрико дар Душанбе, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро дар оянда низ идома дода, бо ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ намояд. Аз соли 1992 инҷониб, ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ тахсис додааст.

XS
SM
MD
LG