Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳкими ҳамкории гумрукӣ миёни Душанбе ва Кобул


Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба имзо расид. Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 30 апрел ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки имрӯз дар Душанбе мулоқоти раиси Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб бо раиси Департаменти гумруки вазорати молияи Афғонистон Наҷибулло Вардак сурат гирифт, ки дар он як протоколи техникӣ байни ду ниҳоди кишварҳо дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба имзо расидааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқоти масъалаи бемамониат ҳаракат кардани мошинҳои борбаре, ки аз кишвари сеюм тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон меоянд, мувофиқа ҳосил шудааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки миёни бахшҳои гумрукии ду кишвар дар навоҳии марзӣ, мубодилаи иттилоотӣ ба роҳ монда шавад. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар сӯҳбаташ бо "Озодӣ" вазъ дар манотиқи сарҳадӣ бо Афғонистонро ором арзёбӣ кард ва гуфт, танҳо рӯзи 27 апрел аз он сӯи Омӯ ба кишвар 89 мошини борбар ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Қундуз, ки гузаргоҳи Бандари Шерхон дар он ҷойгир аст, ҷангҳо идома дорад ва бими он меравад, ки ин ба интиқоли бору колои тоҷирон аз Афғонистон Покистон ба Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG