Пайвандҳои дастрасӣ

Омилони ҳамла ба Малола ба зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳе дар Покистон 10 нафарро барои даст доштан дар ҳамла ба Малола Юсуфзай, духтари ноболиғ ва фаъоли сиёсӣ дар соли 2012 ба зиндони якумрӣ маҳкум кард. Додгоҳи зиддитерорристии вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхоҳ ҳукмро рӯзи 30-уми апрел эълон кард. Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ҳамаи гунаҳкорон аъзои Таҳрики Толибон ва ё Толибони Покистон будаанд ва моҳи сентябри соли 2014 дар амалиёти муштараки артиш, пулис ва хадамоти иттилоотӣ дастгир шуданд. Осим Баҷва, афсари пулиси Покистон гуфт, ки Мавлон Фазлулоҳ, фармондеҳи феълии Толибони Покистон дар паси талошҳо барои қатли Малола Юсуфзай меистод. Малола Юсуфзай, ки барои таҳсили духтарон дар Покистон талош мекард, барои ин кораш дар ҷомеаи байналмилал обрӯ пайдо кард. Соли 2012 ӯро ба сараш тир зада захмӣ карданд. Ӯ, ки ҳоло 17 сол дорад, соли 2014 Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG