Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҷӯёи кӯмаки Эрон дар Яман шудааст


Иёлоти Муттаҳида аз Эрон хостааст, ки дар ба ҳам овардани тарафҳои даргир дар Яман ва ҳалли сиёсии муноқиша дар онҷо кӯмак кунад. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс хабар дода гуфтааст, ки вазирони умури хориҷии Амрико ва Эрон дар ин бора рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Ню Йорк сӯҳбат кардаанд. Эрон аз муттаҳидони ошӯбгарони қабилаҳои шиамазҳаби ҳусӣ аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бо талаби ташкили ҳукумати фарогир шаҳри Санъо, пойтахти Яманро ишғол карданд. Пешравии ошӯбгарон ба ҷануби Яман, Арабистони Саудиро ошуфта кард ва ин кишвар амалиёти ҳавоии маргбор бар зидди ошӯбгарони ҳусиро оғоз кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико таъйид кард, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷӣ дар сӯҳбат бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф, аз ӯ хостааст, бо истифода аз нуфузи Теҳрон, ҳамаи тарафҳои даргиррро ба музокирот мойил кунад. Ройтерс рӯзи 29-уми апрел аз қавли мақомоти Амрико навишт, ки манзури тарафи Амрико, ҷалби қабилаҳои ҳусӣ ба музокирот будааст.

XS
SM
MD
LG