Пайвандҳои дастрасӣ

Ёриҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон


Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои башардӯстона ироа кард. Кӯмаки башардӯстонаи ҳукумати Қазоқистон ба Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 30 апрел зимни маросиме дар анбори ширкати “Роҳи Оҳан” бо ширкати сафири Қазоқистон дар Душанбе ва мақомоти давлати Тоҷикистон ироа шуд. Aйджан Айдашев, як масъули сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин кӯмак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва ба манзури рафъи паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ, хисорот аз ҳолатҳои фавқуллода, ба хусус селу боронгариҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, сурат мегирад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Айдашев, кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба воситаи қатор тариқи қаламрави Узбакистон ба Душанбе интиқол дода шуд. Вай афзуд, ки ин кӯмак дар маҷмӯъ 1 ҳазору 428 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз орду равған, консерваҳо, шакар ва ҳамчунин маҳсулоти металлӣ иборат аст. Ба гуфтаи ин масъули сафорати Қазоқистон, кӯмаки башардӯстона аз ҷониби намояндагони Қазоқистон ба масъулони Оҷонсии захираҳои давлатии Тоҷикистон супорида шуд.

Ироаи кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 10 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстона ворид шудааст. Тибқи гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон, мизони ин кӯмакҳо ҳудуди 6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки аз ҷониби 25 кишвари дунё ворид гардидаанд. Бар пояи ин гузориш, саҳми кӯмакҳои ироакардаи кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 34,7 дарсад, Амрико, ҳудуди 25 дарсад, Словения 11, 2%, Ҳоланд - 5, 8, Дания 4, 6, Чин -4,3 фоиз ва ғайра будааст. Саҳми кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 1, 4 дар садро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG