Пайвандҳои дастрасӣ

500-сомонии нуқра бо аксҳои Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ


Тавре Дафтари матуботи Бонки миллӣ 30 апрел хабар дод ба ифтихори “600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “700 - солагии Алӣ Ҳамадонӣ”- “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, се адад танга сикка зада шуда ва ба ифтихори “90-солагии шаҳри Душанбе”бо тасвирҳои “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, “Китобхонаи миллӣ” ва “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар маҷмуъ шаш намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард. Тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи технологияи навину таҷрибаи пешрафтаи ин соҳа ва бо риояи стандартҳои сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG