Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти се тоҷик аз Яман аз тариқи Ар-Риёз


Боз 3 шахрванди точик бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ аз тариқи ин кишвар Яманро тарк намуданд.

Бино ба иттилои сафорат, шаҳрвандон Абдуҷаббор Абдуалимов, Гуландом Насриддинова ва Наврӯзҷон Усмонов, ки мустақиман ба сафорат муроҷиат карда буданд, бо мусоидати дипломатҳои тоҷик марзи Яману Арабистони Саъудиро аз гузаргоҳи Ҷизан бидуни мушкил убур карданд. "Онхоро намояндаи сафорат дар Ҷидда истиқбол карда, барояшон шароити хуби фароқатро муҳайё кард", гуфт як корманди сафорат ба Радиои Озодӣ.

Ин се нафар субхи рӯзи 29 апрел тарики ҳавопаймо ба Дубай парвоз карданд ва қарор аст, ки субхи рузи 30.апрел ба Душанбе расиданд. Сафорат бо дигар тоҷикони муқими Яман дар тамос аст.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Ар-Риёз, аз аввали нооромихо дар Яман 37 нафар аз тоҷикони муқими Яман, аз ҷумла, бо кӯмаки сафоратҳои хориҷӣ дар пойтахти Арабистони Саъудӣ ба ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG