Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо барои Қундуз идома доранд


Масъулини полис дар шимоли Афғонистон хабар доданд, ки гурӯҳи асосии ҳамлагари “Толибон” ба вилояти Қундуз нобуд карда шуд ва нерӯҳои амниятӣ талоши бастани роҳҳои вуруди ситезаҷӯён аз Покистонро доранд.

Намояндаи полис Сайид Сарвар Ҳусейнӣ рӯзи 29 апрел гуфт, нерӯҳои амниятии афғон тайи панҷ рӯз бо толибоне даргир буданд, ки ба маркази вилоят ва панҷ мавзеъи дигар Қундуз ворид шудаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қундуз тайид кард, ки амниятиҳо бо ҷангҷӯёни толиб дар канори шаҳри Гултеппа меҷанганд.

Вазорати умури дохилиии Афғонистон хабар дод, ки тайи панҷ рӯзи набардҳо беш аз 200 тан аз аъзои ҷунбиши “Толибон” кушта шудаанд. Дар ҷангҳо 13 сарбози ҳукуматӣ ҳам ҷон бохтаанд.

Аз ин пеш вазорат хабар дода буд, ки дар Қундуз панҷ корманди полис ба асорат афтоданд ва 28 нафари дигар, аз ҷумла, як фармондеҳи полис, то ҳол бе ному нишонанд.

XS
SM
MD
LG