Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 8 покистонӣ аз фурӯрезии бино дар Саудӣ


Бар асари фурӯрезии як бино дар Арабистони Саъудӣ дасти кам ҳашт коргар аз Покистон ҷон бохтаанд. Намояндаи Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саъудӣ рӯзи 29 апрел гуфт, ки айни ҳол ҷасади нӯҳ нафар аз зери харобаҳои бинои донишгоҳ дар шаҳри Кассимо берун карда шудаанд, ки ҳашт нафарашон покистониянд. Ҳуввияти боз як қурбонии ҳодиса ҳанӯз муқаррар нашудааст.

Дар ин ҳодиса, ки ҳанӯз рӯзи 27 апрел рӯй дода ва аммо дар борааш баъд аз ду рӯз иттилоъ расидааст, шаш коргари дигар маҷрӯҳ шудаанд ва гуфта мешавад, ки эҳтимолан 15 нафараи дигар то ҳанӯз зери оворҳоянд. Фоҷиа дар ҳоле рӯй дод, ки коргарон болои боми бино семент мерехтанд.

Волии Кассимо Файсал бинни Мишол хостори тафтиши ҳаматарафи ҳодиса шуд.

Дар ширкати "Манозил", ки масъули бунёди ин бино аст, теъдоди зиёди шаҳрвандони мисрӣ ва бангладешӣ ҳам кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG