Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони Тоҷикистон Непалро тарк карданд


128 шаҳрванди Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Латвия ва Украина рӯзи 29 апрел тавассути ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаҳри Катманду, пойтахти Непалро так намуданд. Ҳамаи мусофирон хостори тарки Непал баъд аз заминларзаи мудҳиш дар ин кишвар шуда буданд.

Ҳавопаймоҳои ИЛ-76 ба Непал тақрибан сад наҷотбахши русро бурданд, ки қарор аст дар амалиёти наҷотбахшӣ ва кӯмак ба мардуми маҳаллӣ ширкат кунанд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Непал рӯзи 28 апрел гуфтанд, ҳоло дар интизори берун рафтан аз ин кишваранд, ки чаҳор рӯз пеш шоҳиди заминларзаи мудҳиш буд.

Мақомоти Непал рӯзи чаҳоршанбе тайид карданд, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 25 апрел аз марзи 5 ҳазор нафар убур кард ва умеде барои аз зери оворҳо пайдо кардани афроди зиндамонда боқӣ намондааст. Бори аввал баъд аз заминҷунбии шадиди 81 соли пеш дар бемористонҳои Непал ҷойи сӯзанзанӣ намондааст – бар асари ин фоҷиа беш аз 8 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба арзёбии СММ, аз заминларза ҳашт миллион нафар осеб дидаанд. Дар ин ҳодиса шаҳрвандони Ҳиндустон ва Чин ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG