Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи Озодӣ: сатҳи озодии матбуот пойин рафт


Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки шадидтар шудани қонунҳо ва афзоиши хушунат алайҳи хабарнигорон боиси коҳиши сатҳи озодии матбуот дар ҷаҳон шудаанд.

Дар гузориши ин созмони амрикоии дидбони ҳуқуқи башар, ки рӯзи 29 апрел нашр шуд, омадааст, соли гузашта сатҳи озодии матбуот пойнтарин дар даҳ соли ахир буд. Хонаи Озодӣ навиштааст, ки нақзи озодии матбуот дар 18 кишвару қаламрав афзоиш ёфт ва он аз ҳама бештар дар Озарбойҷон, Сербия ва Ироқ мушоҳида шудааст. Ба “даҳгона”-и кишварҳое, ки матбуот зери фишори шадид қарор дорад, Белорус, Қрими аз сӯи Русия замимашуда, Эрон, Туркманистон, Узбакистон ҳам шомиланд. Гуфта мешавад, ки дар нимҷазираи Балкан сатҳи озодии матбуот дар Македония аз ҳама пойинтар аст.

Ба иттилои Хонаи Озодӣ, расонаҳо дар Русия ё давлатиянд ё ба афроди наздик ба раҳбарияти сиёсии кишвар тааллуқ доранд ва аз ин рӯ ҳама гуна танқиди ҳукумат саркӯб мешавад. Бино ба гузориш, шабакаҳои телевизионии давлатии Русия маъракаи сиёҳкунии мухолифин дар он кишварҳои ҳамсояашро ба роҳ мондааст, ки сиёсаташон боиси норозигии Маскав мешавад.

Расонаҳои русӣ, ба гуфтаи муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ, дар ташаккули афкори умуми ҷомеъаи Русия оид ба ҷанг дар Украина саҳм гирифтанд ва аз ин рӯ Украина маҷбур шуд, ки пахши барномаҳои 15 шабакаи телевизионии Русияро дар қаламраваш қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG