Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Дар нишасти навбатии ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд тағйир дигари кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла Шералӣ Сиддиқов мудири иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон,Маҳмадулло Шералиев мудири иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, Алимардон Азимов мудири Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, Ҷамшед Лақаев мудири Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ), Нусратулло Мусоев ҷонишини вазири кишоварзӣ, Шералӣ Вазиров сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ, Ниматулло Таваров сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исуф Шоев мудири корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" таъин шуданд.

XS
SM
MD
LG