Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Непал норозигӣ боиси бархӯрд бо полис шуд


Хабаргузории AFP менависад, ки рӯзи 29 апрел миёни кормандони полиси Непал ва афроде, ки мехостанд пойтахт - шаҳри Катмандуро тарк намоянд, бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, мардуми аз такрори заминларза дар пойтахт нигарон аз он ба хашм омаданд, ки автобусҳо сари вақт ба истгоҳи канори парлумони кишвар нарасиданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Непал тайид карданд, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 25 апрел аз марзи 5 ҳазор нафар убур кард ва умеде барои аз зери оворҳо пайдо кардани афроди зиндамонда боқӣ намондааст. Бори аввал баъд аз заминҷунбии шадиди 81 соли пеш дар бемористонҳои Непал "ҷойи сӯзанзанӣ" намондааст – бар асари ин фоҷиа беш аз 8 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба арзёбии СММ, аз заминларза ҳашт миллион нафар осеб дидаанд. Дар ин ҳодиса шаҳрвандони Ҳиндустон ва Чин ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG