Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 29 апрел, «Истиқлол»-и Душанбе дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар Қатар бо тими “Эрбил”-и Ироқ бозӣ мекунад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 дар гурӯҳи “С” имрӯз, 29 апрел, дар пойтахти Қатар – Доҳа, бо тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми AFC-2014, рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад ваСардовари бозӣ Масъуд Туфайлӣ аз Сурия мебошад.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи “Истиқлол”, пеш аз бозии «Эрбил» - «Истиқлол», рӯзи 28 апрел дар шаҳри Доҳа нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст нахуст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон дар бораи бозии ҷавобии дастааш бо “Эрбил” ибрози назар карда, чунин гуфтааст: “Ба он нигоҳ накарда ки «Эрбил» дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи охирин қарор дорад, ин рақиби хеле ҷиддӣ аст. Чунон ки ҳамагон ёд доранд, дар бозии аввал дар Душанбе ироқиҳо бар тими мо ғолиб шуданд ва мо аз бозии ҷавобӣ аз дақиқаҳои аввал бозии вазнинро интизорем. «Эрбил» дастаи пурзӯр, ҳайаташ мутавозин аст. Мо тарзи бозии рақибро омӯхтем ва ба натиҷаи мусбат умед дорем. Бачаҳо ба бозӣ муқобили “Эрбил” омодаанд ва ҳама хоҳиши интиқом барои бохт дар даври аввалро доранд”.

Сипас хабарнигорон аз Мубин Эргашев пурсидаанд, “пеш аз сабқати интихобии Ҷоми AFC ваъда дода будед, ки агар “Истиқлол” аз гурӯҳи худ ба даври баъдӣ роҳ ёбад, Шумо мӯи саратонро пок метарошед. Агар чунин ҳолат рух диҳад, ба ваъдаатон вафо мекунед?”

Эргашев чунин посух додааст: Биёед, аввал аз гурӯҳамон бароем. Ман, албатта, ба қавлам вафо мекунам, вале ман гуфтам, ки агар мо аз марҳилаи плей-ооф ба даври 1/4 финалии мусобиқа бароем. Агар мо ин саддро убур кунем, ман ҳатман ба ваъдаам вафо мекунам”.

Дар ин нишаст, инчунин Бледа Родригес, ҳамлагари «Истиқлол», гуфтааст, ки “ҳоли мо хеле хуб аст. Мо ба ин ҷо баҳри ғалаба омадаем. Ҳарчанд хуб медонем, ки «Эрбил» дастаи ниҳоят пурзӯр мебошад. Ба бозии хеле вазнин худро омода мекунем ва тамоми кӯшишамонро барои пирӯзӣ равона хоҳем кард”.

Умар Салимумар, менеҷери бошгоҳи "Эрбил", дар нишасти хабарӣ иброз доштааст, ки даста бозии беҳтаринашро нишон хоҳад дод. Вай афзудааст: “Бозии навбатӣ барои ҳарду даста, хусусан барои дастаи мо хеле муҳим аст. Мо ҳамагӣ се имтиёз дорем ва аз натоиҷи бозиҳои боқимонда бисёр чиз бастагӣ дорад. Агар мо пирӯз шавем, ба ин ман умед дорам, он гоҳ метавонем барои аз гурӯҳ баромадан мубориза барем. Вазъият дар ҷадвали мусобиқа хеле мураккаб аст ва "Эрбил" мекӯшад, ки бозии беҳтарини худро намоиш диҳад ва собит кунад, ки соли гузашта беҳуда ба финали Ҷоми AFC набаромадааст. Сармураббии дастаи мо каме бемор аст ва аммо набудани ӯ сабаби валвалаандозӣ нест. Мо тамоми имконоти ва нерӯи худро ба бозӣ муқобили “Истиқлол” сарф мекунем”.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, ба ҳайати даста бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 17 бозигар шомил аст.

Ҳайати «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Никола Стошич.

Ҳимоятгарон: Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Петро Ковалчук.

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев.

Ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 25 феврал дар Душанбе аз тими Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври панҷуми сабқати гурӯҳи “С” имрӯз «Аҳал»-и Туркманистон дар майдони худ бо «Ал-Қодсия»-и Кувайт рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чор даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” “Истиқлол” ва “Ал-Қодсия” бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. “Истиқлол” (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи якум ва “Ал-Қодсия” (5-4) дар ҷои дувум қарор доранд. “Аҳал” бо 6 имтиёз дар ҷои севум ва “Эрбил” бо 3 имтиёз дар ҷои чоруманд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG