Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” дар Қатар баргузор мешавад


«Истиқлол»-и Душанбе дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 29 апрел дар Қатар бо тими “Эрбил”-и Ироқ бозӣ мекунад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 дар гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 29 апрел дар пойтахти Қатар – Доҳа, бо тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми AFC-2014, рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Сардовари бозӣ Масъуд Туфайлӣ аз Сурия мебошад.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи “Истиқлол”, футболбозони тоҷик, ки 27 апрел ба Доҳа расиданд, дар Варзишгоҳи "Сауд бин Абдулраҳмон Аc-Cани" тамрин карданд. Ба ҳайати даста бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 17 бозигар шомил аст.

Ҳайати «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Никола Стошич.

Ҳимоятгарон: Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Петро Ковалчук.

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев.

Ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 25 феврал дар Душанбе аз тими “Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври панҷуми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи 29-уми апрел «Аҳал»-и Туркманистон дар майдони худ бо «Ал-Қодсия»-и Кувайт рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чор даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” “Истиқлол” ва “Ал-Қодсия” бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. “Истиқлол” (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи якум ва “Ал-Қодсия” (5-4) дар ҷои дувум қарор доранд. “Аҳал” бо 6 имтиёз дар ҷои севум ва “Эрбил” бо 3 имтиёз дар ҷои чоруманд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG