Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко аз таҳдиди ҷанг ҳушдор дод


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки хатари ҷанг “идома дорад”, зеро дар шарқи кишвар оташбас риоят намешавад. Порошенко ин нуктаро 28 апрел дар конфоронси байналмиллалии Киев изҳор дошт.

Вай гуфт, кишвар ба кӯмак ва ба ҳамбастагӣ ниёз дорад, то аз ҷанг пешгирӣ ба амал ояд ва вазъ дар минтақаи Донбас, ки дар контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аст, бояд ба эътидол ояд.

Ин суханони Порошенко дар ҳоле садо медиҳад, ки ба гуфтаи мақомоти низомӣ, ҷудоихоҳон истифодаи мушакандозҳоро оғоз кардаанд, вале истифодаи онҳо тибқи созишномаи оташбаси Минск мамнуъ мебошад.

Аз сӯи дигар, Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар як навори видеоӣ дар ин конфронс гуфтааст, ки бояд таҳримҳои зидди Русия ба эътибори худ боқӣ бимонад, то он замоне, ки созишномаи Минск комилан иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG