Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ёрии кӯчондани тоҷикон аз Непал


Осори зилзила дар Непал
Осори зилзила дар Непал

Тоҷикистон ба вазорати корҳои фавқулоддаи Русия муроҷиат кардааст, то барои берун овардани 18 шаҳрванди Тоҷикистон аз Непал кӯмак расонад. Дар ин бора рӯзи сешанбе вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба матбуот хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ дар Непал хостааст, ки бо назардошти вазъи душвори башарии пешомада хеле эҳтиёткор бошанд.

Тоҷикистон дар Катманду-пойтахти Непал намояндагии дипломатӣ надорад, ба ин далел дипломатҳои тоҷик дар Маскав ва Деҳлӣ машғули масъалаи хуруҷи шаҳрвандонашон аз Непал мебошанд.

Дар ин кишвар 25 апрел зилзилаи шадиду вайронгар рух дод ва дар он тақрибан 4000 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳудуди 7000 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин зилзила осеб надидааст.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Раме Барану Ядаве-раиси ҷумҳури Непал телеграммаи ҳамдардӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG