Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вилояти Дийолаи Ироқ афроди мусаллаҳ як корманди маҳаллии СММ рабудаанд. Хонум Элиана Набоа-сухангӯи СММ гуфт, ин корманд дар назди бинои ҳукуматии вилоят дар Бақуба рабуда шудааст.

Як корманди амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ин корманди СММ-ро аз мошинаш поин кардаанд ва дар рӯзи равшан рабудаанд.

Бародари вай гуфтааст, рабояндагон тақозо кардаанд, ки дар ивази 100 000 доллар бародарашро раҳо хоҳанд кард. Одамрубоӣ ва раҳоии онҳо дар ивази пул ва ё қатъи фаъолиятҳои сисёсӣ дар Ироқ кори маъмулист.

XS
SM
MD
LG