Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилова ҷоизаи озодии матбуот гирифт


Хадича Исмоилова
Хадича Исмоилова

Хадича Исмоилова-рӯзноманигори зиндонии Озарбойҷон, ки бештар мақолаҳои таҳқиқотӣ менависад ва бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, ба дарёфти ҷоизаи ба номи Анна Политковская ноил шуд. Анна Политковская рӯзноманигори Русия аст, ки кушта шуда буд.

Ин ҷоизаро 27 апрел Бошгоҳи миллии озодии матбуоти Шведсия дар маросиме дар Стокҳолм эълон кард. Дар эъломияи ин бошгоҳ омадааст: “Исмолилова дар ифшои ришвахорӣ дар баландтарин сатҳи раҳбарӣ дар Озарбойҷон ҷасорату диловарӣ нишон дод”.

Исмоилова 5 декабри соли 2014 ба эҳтимоли таҳрики марде ба худкушӣ боздошт шуда буд. Моҳи феврал иттиҳомоти навро эълон карданд, ки гӯё вай аз пардохти андоз саркашӣ кардааст ва ғайриқонунӣ фаъолияти тиҷоратӣ доштааст ва аз мақом суистифода кардааст.

Вай ин итиҳомотро қабул надорад ва онро дорои ангезаи сисёсӣ медонад. Боздошти вайро маҳофили байналмиллалӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG