Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ҳам кишвари "моҳвораӣ" мешавад


Нахустин моҳвораи телевизионии Туркманистон ба мадори наздик ба замин фиристода шуд. Ин моҳвора 27 апрел аз димоғаи Канавероли Амрико тавассути мушаке ба кайҳон фиристода шуд.

Ширкати Тейлз Алениа Спейс (Thales Alenia Space) гуфтааст, ки ин моҳвора бо номи TurkmenAlem52E барномаҳои телевизиониро барои 1 миллиарду 200 миллион нафар дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва шимоли Африқо пахш хоҳад кард.

Жан Лойк Галле-раиси иҷроии ширкати Тейлз Алениа Спейс қабл аз партоби мушаки моҳвораӣ дар як навори видоеӣ дар сомонаи SpaceX гуфтааст, ки оғози пахши моҳвораии барномаҳои телевизионӣ нахустин қадами Туркманистон ба унвони кишвари “моҳвораӣ” мебошад.

XS
SM
MD
LG