Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Нию Йорк Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Эрон бо ҳам дидор доштанд. Ин дидор дар ҳошияи конфронси Аҳдномаи манъи аслиҳаи ҳастаӣ, ки фаъолиятҳои панҷсоларо баррасӣ мекард, баргузор шуд.

Дидор дар ҳоле сурат гирифт, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ то 30 июн бояд дар бораи қарордоди ниҳоии маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ бирасанд.

Як мақоми масъули вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки дар ин дидор ҳар ду ҷониб масъалаҳои музокиротро баррасӣ карданд ва мулоқоти худро “самарбахш” арзёбӣ намуданд. Пеш аз ин дидор Ҷон Керрӣ ба матбуот гуфт, ки қарордод бо Эрон сайёраро амнтар мекунад.

Дар созиши муқаддамотӣ, ки 2 апрел ба даст омад, Эрон ризоят дод, ки сентрофугҳои ғанисозии урани худро камтар мекунад ва ба бозрасони байналмиллалӣ иҷоза медиҳад, ки барои бозрасӣ ба таъсисоти атомиаш роҳ ёбанд. Ин тадбирҳо дар ивази коҳиши таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон анҷом мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG