Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як корманди полис дар Босния


Зворник, 27 апрел

Зворник, 27 апрел

Сухангӯи пулис мегӯяд, 27 апрел як марди мусаллаҳ бо садои “Оллоҳу Акбар” дар шаҳраки Зворник дар шарқи Босния ба маркази пулис ҳамла кард ва як афсари пулисро ба қатл расонда, ду нафари дигарро захмӣ кард. Дар оташи ҷавобӣ худаш низ кушта шуд.

Хонум Александра Симойлович-сухангӯи пулис гуфт, ки ҳамлагар ба маркази пулис ворид шудааст ва ба тирандозӣ шуруъ кардааст. Ин ҳамла соати тақрибан 7 шом рух додааст.

Драган Мектич-вазири амният гуфт, марди мусаллаҳ, ки дар оташи ҷавобии пулис ба қатл расидааст.

Зворник шаҳраки сербнишин дар Босния аст. Милорад Додик-раиси ҷумҳури Босния аз телевизиони сербзабони Босния гуфт, ҳамлагарро касе машқ дода буд, бо вуҷуди он ки вай худаш танҳо дар ин ҳамла ширкат дошт. Мустафо Муҳаремович-имоми масҷили Звориник ин ҳамларо маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG