Пайвандҳои дастрасӣ

Нӯҳ сол зиндони се узви "Ҷамоати Таблиғ"


Эълони ҳукми нахустин гурӯҳи панҷнафарии "Ҷамоати Таблиғ". Моҳи августи 2009

Эълони ҳукми нахустин гурӯҳи панҷнафарии "Ҷамоати Таблиғ". Моҳи августи 2009

Додгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва Исфара се сокини ҷамоати Чоркӯҳро ба ҷурми "аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти қонунии Тоҷикистон" 3-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ба қавли масъулони додгоҳ, ин афрод - Абдулло Исҳоқов (38-сола), Зариф Нуриддинов (34-сола) ва Пайравҷон Ашӯров (32-сола) буда, парвандаи ду нафари аввалро додгоҳи Хуҷанд ва севумиро додгоҳи Исфара баррасӣ кардааст.

Ин се сокини ҷамоати Чоркӯҳ моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудаанд. Тафтишот мушаххас карда, ки онҳо аз соли 2007 шомили "Ҷамоати Таблиғ" буда, дар дар ҳудуди Исфара, Б.Ғафуров ва Чкалови Тоҷикистон ва Бодканду Бишкеки Қирғизистон фаъолияти таблиғӣ кардаанд.

Бар асоси маводи тафтишот, Абдулло Исҳоқов, Зариф Нуриддинов ва Пайравҷон Ашӯров тайи солҳои 2008-2009 ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон рафта, дар он ҷо се моҳ таълим гирифтаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2006 "Ҷамоати Таблиғ"-ро созмони террористӣ ва экстримистӣ эълон ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ карда буд. Дар пайи ин, соли 2009 нахустин гурӯҳи панҷнафарии "Ҷамоати Таблиғ" ба зиндон фиристода шуданд.

XS
SM
MD
LG