Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз қавли як намояндаи Думаи давлатӣ аз вилояти Воронеж гуфт, он муҳоҷироне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд, аз супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия озод мешаванд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 28 апрел гуфт, ки вакили Думаи давлатии вилояти Воронеж Вячеслав Астанков хабар додааст, ки тасмим ба хотири он гирифта шудаааст, ки ҷиҳати ба даст овардани иҷозат барои кор, муҳоҷирони корӣ вақти зиёдро сарф мекунанд ва дар минтақаҳо ба қувваи корӣ ниёз доранд ва хатари талафи зироати меафзояд.

То охири моҳи апрели соли 2015 ба Думаи давлатии Россия тарҳи Қонун оид ба муҳоҷирони корие, ки дар соҳаҳои боғу токпарварӣ, инчунин кишту кори бодиринг ва картошка фаъолият менамоянд, аз гузаштани имтиҳони ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия озод карда мешавад.

Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати фарҳанги Руссия пешниҳод карда буд, ки мувофиқи тарҳҳи қонун «Дар бораи мутахассисони баландихтисоси эҷодӣ, соҳаҳои гуногуни театр, директорони намоишгоҳи ҳунарӣ, сирк ва дигар мутахассисони соҳаи фарҳанг» аз супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия озод карда шаванд.

XS
SM
MD
LG